Довуд барои маъбад масолеҳ тайёр мекунад.
- ВА Довуд гуфт: «Ин аст хонаи Худованд Худо ва ин аст қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ барои Исроил».
- Ва Довуд амр фармуд, ки ғарибонро, ки дар замини Исроил мебошанд, дар як ҷо ҷамъ кунанд, ва ӯ сангтарошонро таъин кард, то ки сангҳо барои сохтани хонад Худо битарошанд.
- Ва Довуд оҳани зиёде барои мехҳо, барои табақаҳои дарвозаҳо ва барои ошиқ-маъшуқҳо тайёр кард, ва миси зиёде низ, ки вазнаш маълум набуд,
- Ва дарахтони арз, ки сону шумор надошт, зеро ки сидӯниён ва сӯриён дарахтони арз барои Довуд бисьёр оварда буданд.
- Ва Довуд гуфт: «Писарам Сулаймон ҷавон ва но-зук аст, ва хонае ки барои Худованд бино кардан лозим аст, бояд бағоят азим, номӣ ва мӯҳташам дар назари ҳамаи кишварҳо бошад; пас, барои ӯ ман тайёр мекунам». Ва Довуд пеш аз фавти худ масолеҳи зиёде тайёр кард.
Довуд ба Сулаймон дастурҳо оид ба сохтани маъбад медиҳад.
- Ва писараш Сулаймонро хонда, ба вай амр фармуд, ки хонае барои Худованд Худои Исроил бино кунад.
- Ва Довуд ба Сулаймон гуфт: «Эй писарам, муроди дили ман ин буд, ки хонае ба исми Худованд Худои худ би-но кунам.
- Вале каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: «Ту хуни зиёде рехтаӣ, ва ҷангҳои азиме кардаӣ; ту набояд хонае ба исми Ман бино кунӣ, зеро ки ба ҳузури Ман хуни бисьёре бар замин рехтаӣ.
- Инак, писаре барои ту таваллуд хоҳад ёфт, ки вай марди осоиштае хоҳад буд, ва Ман ба вай аз ҳамаи душ-манони гирду атрофаш осоиштагӣ хоҳам бахшид; зеро ки номи вай Сулаймон хоҳад буд, ва Ман дар айёми вай ба Ис-роил сулҳ ва осоиштагӣ хоҳам бахшид.
- Вай хонае ба исми Ман бино хоҳад кард, ва вай ба-рои Ман писар хоҳад буд, ва Ман барои вай падар хоҳам буд, ва тахти салтанати варо бар Исроил то абад пойдор хо-ҳам гардонид».
- Алҳол, эй писарам, бигзор Худованд бо ту бошад, то ки комьёб гардида, хонаи Худованд Худои худро бино кунӣ, чунон ки Ӯ дар бораи ту гуфтааст;
- Ва бигзор Худованд ба ту ақлу фаҳм ато фармояд, ва туро бар Исроил таъин кунад, то ки шариати Худованд Ху-дои худро риоя намоӣ.
- Он гоҳ ту комьёб хоҳи шуд, ба шарте ки фароиз ва дастурҳоеро, ки Худованд ба Мусо дар бораи Исроил амр фармудааст, риоя намуда ба амал оварӣ; пас, қавӣ ва далер бош, натар ва ҳаросон нашав!
- Ва инак, ман дар аҷзи худ барои хонаи Худованд сад ҳазор киккар тилло ва ҳазор ҳазор киккар нуқра тайёр кар-даам, ва он қадар мис ва оҳан, ки вазнаш маълум нест, чунки бисьёр буд; ва чӯбу тахта ва сангҳо тайёр кардаам, ва ту бар онҳо илова намо.
- Ва назди ту коргарони бисьёре ҳастанд: сангтарошон ва харротони санг ва чӯб, ва ҳар навъ ҳунармандон дар ҳар кори
- Тилло, нуқра, мис ва оҳан сону шумор надоранд; пас, бархез ва амал намо, ва Худованд бо ту хоҳад буд».
Довуд ба сарварон васият мекунад, ки ба Сулаймон мадад расонанд.
- Ва Довуд ба ҳамаи сарварони Исроил васият меку-над, ки ба писараш Сулаймон мадад расонанд:
- «Худованд Худои шумо, охир, бо шумост, ва аз ҳар ҷониб ба шумо осоиштагӣ бахшидааст, зеро ки сокинони ин заминро ба дасти ман супурдааст, ва ин замин пеши Худо-ванд ва пеши қавми Ӯ тобеъ гардидааст.
- Алҳол дилҳо ва ҷонҳои худро омода намоед, то ки Худованд Худои худро ҷӯё бошед; ва бархоста, қудси Худо-ванд Худоро бино кунед, то ки сандуқи аҳди Худованд ва колои муқаддаси Худоро ба хонае ки ба исми Худованд бино меёбад, бикӯчонед».
© IBT 1992